Маросими видоъ бо аъзои ҳайати чархболи Ми-8

Ному насаби ҳамаи аъзои ҳалокшудаи ҳайати чархболи Ми-8, ки дар музофоти Зобули Афғонистон ба садама дучор шуд, маълум гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, бар асари садама чаҳор нафар афсарони нерӯҳои низомии ҳавоӣ – писари муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ подполковник Вадим Грудина, майор Бахтиёр Ҷӯраев ва сарлейтенантон Азизулло Мансуров ва […]

ASIA-Plus


Ному насаби ҳамаи аъзои ҳалокшудаи ҳайати чархболи Ми-8, ки дар музофоти Зобули Афғонистон ба садама дучор шуд, маълум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, бар асари садама чаҳор нафар афсарони нерӯҳои низомии ҳавоӣ – писари муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ подполковник Вадим Грудина, майор Бахтиёр Ҷӯраев ва сарлейтенантон Азизулло Мансуров ва Хушнуд Амирбеков ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 15-уми феврал дар Донишкадаи низомии Вазорати мудофиаи ҶТ маросими видоъ бо афсарон доир гардид.

Ёдрас мекунем, ки чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли 2011 дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон (ISAF) кор мекард, рӯзи 11-уми феврал дар музофоти Зобули Афғонистон ба садама дучор шуд.

Тибқи яке аз фарзияҳо, сабаби садамаро ба обуҳавои номусоид рабт медиҳанд зеро замони ба садама дучор гардидани чархбол дар музофоти Зобул тӯфони шадиде ҳукмфармо будааст.


Акс аз маросими видоъ бо афсарон 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.