Русия ҳаҷми воридоти маҳсулоти Тоҷикистонро коҳиш дод

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Русия нисбат ба соли 2010 (бидуни назардошти тиҷорати ғайрирасмӣ) ба андозаи 8,6% коҳиш ёфтааст. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия, соли гузашта ҳиссаи Русия дар ҳаҷми умумии муомилоти моли Тоҷикистон аз 23 то 18% поин рафтааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содирот аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Русия нисбат ба соли 2010 (бидуни назардошти тиҷорати ғайрирасмӣ) ба андозаи 8,6% коҳиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия, соли гузашта ҳиссаи Русия дар ҳаҷми умумии муомилоти моли Тоҷикистон аз 23 то 18% поин рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содирот аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 7 % афзуда, зиёда аз 40%-и маҳсулоти содиротии Русия ба Тоҷикистонро маҳсулоти минералӣ, 17% – маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ва 16%-ро чӯбу тахта ва маснӯоти он ташкил додаанд.

Гуфта мешавад, соли гузашта ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Русия 58% коҳиш ёфтааст ва кам шудани ҳаҷми муомилоти молӣ бо Тоҷикистонро коршиносон маҳз дар ҳамин мебинанд.

Зиёда аз 90%-и маҳсулоти воридотии Тоҷикистон ба Русияро маснӯоти бофандагӣ ва маводи ғизойӣ ташкил медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.