Истирдоди узви эҳтимолии ҲИӮ ба Тоҷикистон

Сокини 26-солаи деҳаи Қизил Нишони ҷамоати Янгийӯли ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Бахтиёр Умаров аз ҷониби хадамоти махсуси Покистон ба Тоҷикистон истирдод шуд. Бино ба гуфтаи сарёвари прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов, истирдодшуда яке аз узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон буда, ба сафи гурӯҳи муташаккил 13 нафар сокини ин маҳал шомил будаанд. «Айни замон […]

Сайраҳмон Назриев


Сокини 26-солаи деҳаи Қизил Нишони ҷамоати Янгийӯли ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Бахтиёр Умаров аз ҷониби хадамоти махсуси Покистон ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Бино ба гуфтаи сарёвари прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов, истирдодшуда яке аз узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон буда, ба сафи гурӯҳи муташаккил 13 нафар сокини ин маҳал шомил будаанд. «Айни замон се нафар аз аъзои гурӯҳ боздошт шуда, аъзои боқимонда таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон шудаанд», – гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси ноҳияи Қубодиён Меҳринисо Раҷабова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар бораи истирдоди Бахтиёр Умаров хабар надорад, вале падарашро ҳамчун табиби ҳозиқ мешиносад. «Падари Бахтиёр чанд соли ахир мутобиқи қарордод дар Яман кор мекард ва чанде қабл ба ватан баргашт», – иброз дошт ӯ.

Падари истирдодшуда Тоҷиддин Умаров гуфт, кӯшиш кардааст, писарашро ба таври лоиқу шоиста тарбия намояд. «Бахтиёр Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси дорусоз хатм намуда, дар деҳа дорухона дошт. Боре ӯ гуфт, ки баҳри пулкоркунӣ ба Русия меравад. Ӯ дигар бо мо алоқа надошт ва мо фикр доштем, ки ӯ дар Русия аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.