Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазир Шариф Раҳимзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон хонум Дорис Хертрампф баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар оғоз Сафири ҶФО хонум Дорис Хертрампф Шариф Раҳимзодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо табрику таҳният намуда, изҳори итминон намуд, ки дар […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазир Шариф Раҳимзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон хонум Дорис Хертрампф баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар оғоз Сафири ҶФО хонум Дорис Хертрампф Шариф Раҳимзодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо табрику таҳният намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории Вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Олмон ривоҷ хоҳанд ёфт.

Дар навбати худ Шариф Раҳизода барои табрикот ва робитаҳои гуногунҷанбаи ҷониби Олмон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ арзи миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон манфиатдор аст бо кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла ҶФО робитаҳои иқтисодиашро густариш диҳад. «Махсусан, мо омода ҳастем, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати бунёди ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон ҳамкориро вусъат диҳем,- афзуд вазири рушди иқтисод ва савдо. Дар ҷараёни мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифта, ба омодагиҳо ҷиҳати баргузории Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (PECCA V), ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи бештар дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.