Раиси ҲНИТ бо донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон мулоқот кард

Дар ҳошияи 25– умин конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон дидори Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ аз шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Қазвин ва Гургон, ки дар конфронс ширкат доштанд, сурат гирифт. Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, бо арзи табирикот ба муносибати милоди Расули акрам (с), Устод Кабирӣ аз […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи 25– умин конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон дидори Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ аз шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Қазвин ва Гургон, ки дар конфронс ширкат доштанд, сурат гирифт.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, бо арзи табирикот ба муносибати милоди Расули акрам (с), Устод Кабирӣ аз масъулини кишвари ҳамдин ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Ирон барои пуштибонӣ аз миллати Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, аз ҳузури худ дар ҷамъи донишҷӯён изҳори хушҳолӣ карданд.

Раҳбари ҲНИТ ин вохуриро дар силсилаи дидорҳои имсолаи худ бо донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ аз кишвар, баъд аз Арабистони Саудӣ дуюмин дидор унвон намуда таъкид кард, ки дар рузҳои аввали баҳори имсол аз муҳассилини тоҷик дар донишгоҳҳои гуногуни Ирон зимни барномаи кории худ вохуриҳо анҷом медиҳад. Бо ишора ба интизориҳои мардум аз донишҷӯёни хориҷ аз кишвар, ӯ хитоб карда гуфт: “Мардум аз донишҷӯёне, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, умед ва интизориҳои бештарро доранд ва ба ҳамин сабаб тамоми талоши худро дар фарогирии илму дониш сарф намоед.”

Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки бо таваҷҷӯҳ ба шароити динӣ ва зарфиятҳои сиёсии кунунии кишвар, беҳтарин интихоб дар пойбандӣ ва пайравӣ аз мазаҳаби ҳанафӣ, он ба нафъи миллат ва ҳам ба нафъи ҷомеаву давлат аст.  Ҳамзамон, раҳбари Ҳизби наҳзат афзуд, ки мазҳаби имоми Аъзам зиёда аз ҳазору дусад сол ба мардуми Тоҷикистон роҳи ибодат ва зиндагиро омухтааст ва ҷомеаи мо дар сояи таълимоти ақлмеҳвар ва таҳаммулпазири ин мазҳаб рушд ва фаъолият доштаанд ва мо бояд қадри онро бидонем.

Раиси ҲНИТ ба саволи иштирокчиёни вохурӣ дар бораи ҷудо шудани баъзе аз фаъолони наҳзат гуфт: “Ҳизб як ниҳоди зинда аст ва рафтану омадан аз он як амри табиист. Раванди рафтан пас аз мусолаҳаи миллӣ хеле зиёд ба чашм мехурд ва далели рафтан хам гуногун мебошад. Аммо, солҳои ахир ин раванд тақрибан қатъ гашт ва ҳолатҳои алоҳидае ҷо доштанд”. Инчунин, ӯ қайд намуд, ки дари ҳизб ҳамчунон бар рӯи ҳама боз буда ва ҳаст ва мо аз бозгашти бузургони рафта истиқбол мекунем.

Устод Кабирӣ дар бораи фаъолони кунунии ҲНИТ бо хушбинӣ ва ибрози ҳусни назар гуфт: “Наҳзат ва наҳзатиён дар хатти фикрӣ ва ормонҳои марҳум устод Нурӣ  ҳастанд”.

Раҳбари ин ҳизб мактаби Устод Нурӣ- ро як мактаби амалӣ дониста, барномаи мактуб ва андешаӣ намудани он мактабро дар канори андешаҳои Устод Ҳимматзода аз аҳдофи асосии Академяи улуми ҲНИТ баён намуда ва гуфт: “Мо бояд дар канори бузургдошти шахсиятҳои андешамеҳвар бошем ва рӯи андешаҳо аҳаммияти бештар бидиҳем”.

Дар ин дидор, оқои Кабирӣ таъсироти бедории исломиро дар минтақа машҳуд дониста ва таъкид намуд, ки таъсироти он дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳам дида мешавад, ки ин таъсирот бештар аз таъсироти инқилобҳои кишварҳои Укроин, Қирғизистон ва Гурҷистон дар солҳои охир будааст. Сабаб ҳам дар ин аст, ки дар ин кишварҳо фақат ҳокимон ва шахсон тағйир карданд, на систем ва моҳияти низомҳо, аммо дар бедориҳои кишварҳои арабӣ таҳаввулот асосӣ ва ҷиддӣ аст.

Намояндаи мардум дар порлумони кишвар, нисбат ба фосилаи эҷод шуда байни ҳукумат ва миллат ишора карда, онро аз нуқтаҳои заъфи он донист. Ӯ гуфт, ки давлат метавонад бо даъват ва истифода аз мардум дар саҳнаҳои мухталифи кишвар, ниёзҳои миллиро бартараф намояд ва пояҳои худро истеҳком бахшад, ин кор ҳам бо тағйирот ва ислоҳот метавонад ба даст ояд.

Донишҷуён дар рафти мулоқот аз пешрафтҳои худ ҳикоят намуда, ишора ба мушкилоти мавҷуда дар ҳаёти худ намуданд ва аз Раиси ҲНИТ хоҳиш шуд, ки дар ҳалли онҳо мусоидат намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.