БҶ ба Тоҷикистон 48 млн. $ ҷудо мекунад

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо Теодор Алерс ва Директори нави минтақавии ин бонк оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Теодор Алерс дар оғози суҳбат Директори нави минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба давлатҳои […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо Теодор Алерс ва Директори нави минтақавии ин бонк оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Теодор Алерс дар оғози суҳбат Директори нави минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар ҷаро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.

Зимни суҳбат аз дастгирии пайвастаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 190 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии  Бонки ҷаҳонӣ 14 лоиҳаи муҳим амалӣ мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ, асосан рушди Тоҷикистонро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетика дастгирӣ менамояд.

Ба иттилои Теодор Алерс, миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ боз 4 лоиҳаи дигар бо маблағи 48 миллион доллари амрикоӣ ба тасвиб расидааст, ки татбиқашон соли равон оғоз меёбад ва ин нисбат ба грантҳои дар соли 2011 ҷудошуда 10 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир гардид.

 Бо ишора ба афзалияти баланди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ҳарду ҷониб ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба кам кардани талафоти техникии нерўи барқ, таъмини дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии барқ ва рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон омодагии устувори худро таъкид доштанд.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.