Боздиди фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА аз Тоҷикистон

Чанде қабл генерал Вилям Фрейзер III, Фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM) сафари якумини худро ба Тоҷикистон оғоз намуд. Генерал Фрейзер чанде пеш фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА-ро, ки татбиқи тамоми талаботҳои нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро дар бар мегирад, ба ӯҳда гирифт. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, зимни сафари худ, генерал Фрейзер дар Душанбе […]

ASIA-Plus


Чанде қабл генерал Вилям Фрейзер III, Фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM) сафари якумини худро ба Тоҷикистон оғоз намуд. Генерал Фрейзер чанде пеш фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА-ро, ки татбиқи тамоми талаботҳои нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро дар бар мегирад, ба ӯҳда гирифт.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, зимни сафари худ, генерал Фрейзер дар Душанбе бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шерали Хайруллоев, ва Сардори Раёсати қушунҳои сарҳадӣ, генерал-лейтенант Шерали Мирзо, мулоқотҳо доир намуд. Генерал Фрейзер расман худро муаррифӣ намуд ва шахсан ба онҳо барои ҳамкорӣ ва дастгирии бардавоми Тоҷикистон ибрози ташаккур намуд.

Айни ҳол сафари Генерал Фрейзер ба якчанд давлати Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома меёбад.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.