Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳамхизмати сарбози фавтидаи Русия

Дар шӯъбаи низомии тафтишотии Кумитаи тафтишоти Русия дар Душанбе нисбат ба ҳамхизмати сарбози фавтидаи Русия Данила Чайкин, ки ахири моҳи январи соли равон даст ба худкушӣ зад, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишот, сарбози қатории қисми низомии 01162 Аликбек Мӯсобеков дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 163, қ. 1 (Тамаъҷӯйӣ), 163, қ. […]

Виктория Наумова


Дар шӯъбаи низомии тафтишотии Кумитаи тафтишоти Русия дар Душанбе нисбат ба ҳамхизмати сарбози фавтидаи Русия Данила Чайкин, ки ахири моҳи январи соли равон даст ба худкушӣ зад, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишот, сарбози қатории қисми низомии 01162 Аликбек Мӯсобеков дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 163, қ. 1 (Тамаъҷӯйӣ), 163, қ. 2, банди «в» (Тамаъҷӯйӣ бо роҳи зӯроварӣ) ва моддаи 334 қ. 1 (Амалҳои зӯроварӣ нисбат ба сардор)-и КҶ Русия айбдор карда мешавад.

Бино ба маълумоти тафтишоти пешакӣ, муаййян шудааст, ки тайи чанд моҳи ахир Мӯсобеков ба талаботи беҳад зиёди сержанти хурд Чайкин изҳори норозигӣ карда, мунтазам нисбат ба ӯ амалҳои зӯроварӣ истифода мекардааст.

Рӯзи 29-уми январи соли равон сержанти хурд Чайкин пас аз зоҳир шудани амалҳои навбатии зӯроварӣ аз ҷониби Мӯсобеков даст ба худкушӣ зад. Суд дархости муфаттиши низомӣ дар бораи ба ҳабс гирифтани Мӯсобековро қонеъ кард.

Гуфта мешавад, қаблан аз рӯйи ин ҳодиса дар шӯъбаи низомии тафтишоти Русия дар шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 110-и КҶ Русия (То ба худкушӣ оварда расонидан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Айни замон ҳарду парванда ба истеҳсолоти якҷоя ҳамроҳ карда шудаанд. Муқаррар шудааст, ки Мӯсобеков ва Чайкин дар як вақт ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд. Чайкин то ба Тоҷикистон омадан дар қисми низомии 44959 дар қаламрави Русия адои хизмат мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.