Хуҷанд: Тарбиятгирандаи Маркази барқароркунӣ хонаи мураббиашро оташ зад

Тарбиятгирандаи Маркази барқароркунии шаҳри Хуҷанд манзили мураббии худро оташ зад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл шахсони номаълум шабона манзили зисти мураббии Маркази барқароркунӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Хуҷандро оташ задаанд. Соҳибхоназан осеб надидааст. Оташ майдони 18 метри мукаабро фаро гирифта, ба соҳибхоназан тахминан ба […]

Мавлуда Рафиева


Тарбиятгирандаи Маркази барқароркунии шаҳри Хуҷанд манзили мураббии худро оташ зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл шахсони номаълум шабона манзили зисти мураббии Маркази барқароркунӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Хуҷандро оташ задаанд. Соҳибхоназан осеб надидааст. Оташ майдони 18 метри мукаабро фаро гирифта, ба соҳибхоназан тахминан ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ зарар расонид.

Ба иттилои манбаъ, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ба гумони даст доштан дар оташзанӣ тарбиятгирандаи маркази зикршуда, ноболиғ А.Г.-и 13-сола боздошт гардидааст.

Дар Раёсати корҳои дохилии вилоят қайд карданд, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 255, қисми 1-и КҶ ҶТ (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тафтишотро мебояд сабабҳои ба ин амал даст задани ноболиғро муайян намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.