Ҷаримабандии ду сокини Бохтар барои барангехтани низои мазҳабӣ

Суди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ду нафар сокинони маҳаллиро дар барангехтани низои маҳалгароӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ айбдор дониста, ҳар кадомеро ба миқдори 200 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб – 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ноҳияи Бохтар Иброҳим Атовуллоев хабар дод, сокинони ҷамоати Навбаҳор Ҳомуддин Абдуллоев ва Насим Қурбонов муддати як сол […]

Сайраҳмон Назриев


Суди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ду нафар сокинони маҳаллиро дар барангехтани низои маҳалгароӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ айбдор дониста, ҳар кадомеро ба миқдори 200 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб – 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ноҳияи Бохтар Иброҳим Атовуллоев хабар дод, сокинони ҷамоати Навбаҳор Ҳомуддин Абдуллоев ва Насим Қурбонов муддати як сол дар масҷиди маҳаллӣ бо вайрон кардани қоидаҳои мазҳаби суннӣ намоз мегузоштаанд.

Дар натиҷа, мегӯяд прокурор, ҳарду миёни ибодаткунандагон нофаҳмӣ ба вуҷуд оварда, тухми нифоқ мекоштаанд.

Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 189, қ. 1-и КҶ ҶТ (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Чанде қабл гуноҳи судшавандаҳо пурра исбот гардида, ҳар кадоме аз онҳо ба миқдори 200 нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.