Локомотивҳои нави истеҳсоли Қазоқистон ба Тоҷикистон расиданд

Ду локомотиви нави истеҳсоли Қазоқистон, ки аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» фармоиш дода шудааст, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ба гуфтаи муовини сардори корхонаи мазкур Владимир Собкалов, моҳи ноябри соли гузашта идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи барои Тоҷикистон тайёр кардани шаш локомотив бо тарзи истеҳсоли консерни амрикоии «GeneralElectric» дар Остона қарордод ба имзо […]

Виктория Наумова


Ду локомотиви нави истеҳсоли Қазоқистон, ки аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» фармоиш дода шудааст, ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Ба гуфтаи муовини сардори корхонаи мазкур Владимир Собкалов, моҳи ноябри соли гузашта идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи барои Тоҷикистон тайёр кардани шаш локомотив бо тарзи истеҳсоли консерни амрикоии «GeneralElectric» дар Остона қарордод ба имзо расониданд. «Локомотивҳо дар се марҳила – дуто дар моҳи феврал ва чорто дар моҳи март ба Тоҷикистон расонида шуда, ба ихтиёри истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе-1, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд вогузор мегарданд», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти идораи «Роҳи оҳани Қазоқистон аллакай чор локомотив аз ин фармоиш омода гардида, бадана (корпус)-и вагонкашҳо бо рангҳои парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.