Мушовирони Русия дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба масоили марзиро тасдиқ кард. Созишномаи мазкурро дар таърихи 2-юми сентябри соли гузашта сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар Душанбе ба имзо расонида буданд. Дар он ҳузури мушовирони русиягӣ оид ба масоили марзӣ дар ҳайати гурӯҳи ҳамкориҳои сарҳадӣ ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба масоили марзиро тасдиқ кард.

Созишномаи мазкурро дар таърихи 2-юми сентябри соли гузашта сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар Душанбе ба имзо расонида буданд.

Дар он ҳузури мушовирони русиягӣ оид ба масоили марзӣ дар ҳайати гурӯҳи ҳамкориҳои сарҳадӣ ва танзими масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ифротгароии динӣ, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи нашъаовар пешбинӣ шудааст.

Зимни шарҳи санади мазкур ба вакилони палатаи поёнии парлумон фармондеҳи қувваҳои сарҳадбонии ҷумҳурӣ Шералишо Мирзоев зикр кард, ки иштироки намояндагони Русия дар такмили низоми муҳофизати сарҳади давлатӣ, таъмини амнияти марз ва тайёр кардани кадрҳо барои нерӯҳои марзбонӣ дар назар аст.

Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур соли 2011 таҳия гардида, ба манфиатҳои ҳарду давлат ҷавобгӯ аст. «Тибқи созишномаи нав, марзбонони русиягӣ минбаъд низ ба ҳамтоҳои тоҷики худ дар омодасозии кадрҳо, амалисозии ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва муҷаҳҳаз кардани марзи давлатӣ бо таҷҳизоти муҳандисӣ кӯмак мерасонанд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси президенти Русия сӯҳбати телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон  ва Дмитрий Медведев баргузор шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Русия, дар он аз ҷумла масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникӣ ва ҳамчунин таҳкими заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии он баррасӣ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.