Ширкати «Барқи тоҷик: Туркманистон реҷаи интиқоли барқ ба Тоҷикистонро дақиқан риоя мекунад

Date:



           

Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 1-уми ноябр то имрӯз аз Туркманистон ба Тоҷикистон тақрибан 210 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.





           

Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар як шабонарӯз тавассути низмои энергетикии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 7 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол меёбад ва то ахири сол ҳаҷми интиқоли он бояд ба 400 млн. кВт/соат расад.



Қобили зикр аст, ки интиқоли нер


ӯ


и барқи Туркманистон ба кишвари мо тавассути низоми энергетикии


Ӯ


збекистон аз 1-уми ноябр шур


ӯ


ъ шуд. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону То


ҷ


икистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба То


ҷ


икистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳа


ҷ


ми 1,2 млрд. кВт/соат нер


ӯ


и барқ интиқол диҳад. Мувофиқи маълумоти ширкат, Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон 3 сент ва барои транзити он ба Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунад.



Бино ба иттилои манбаъ, аз соли гузашта Ӯзбекистон барои интиқоли барқ ба миқдори 100 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон қарздор мондааст ва феълан онро пурра баргардонидааст. Айни замон дар дохили кишвар дар як шабонарӯз ҳудуди 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад. Ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори бузургтарини ҷумҳурӣ – Норак 220 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар мавсими тирамоҳу зимистон Тоҷикистон аз норасоии 3,5-4 млр. кВт/соат нерӯи барқ танқисӣ мекашад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...