Ширкати «Барқи тоҷик: Туркманистон реҷаи интиқоли барқ ба Тоҷикистонро дақиқан риоя мекунад

            Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 1-уми ноябр то имрӯз аз Туркманистон ба Тоҷикистон тақрибан 210 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.             Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар як шабонарӯз тавассути низмои энергетикии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 7 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол меёбад ва то ахири […]



           

Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 1-уми ноябр то имрӯз аз Туркманистон ба Тоҷикистон тақрибан 210 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.





           

Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар як шабонарӯз тавассути низмои энергетикии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 7 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол меёбад ва то ахири сол ҳаҷми интиқоли он бояд ба 400 млн. кВт/соат расад.



Қобили зикр аст, ки интиқоли нер


ӯ


и барқи Туркманистон ба кишвари мо тавассути низоми энергетикии


Ӯ


збекистон аз 1-уми ноябр шур


ӯ


ъ шуд. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону То


ҷ


икистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба То


ҷ


икистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳа


ҷ


ми 1,2 млрд. кВт/соат нер


ӯ


и барқ интиқол диҳад. Мувофиқи маълумоти ширкат, Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон 3 сент ва барои транзити он ба Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунад.



Бино ба иттилои манбаъ, аз соли гузашта Ӯзбекистон барои интиқоли барқ ба миқдори 100 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон қарздор мондааст ва феълан онро пурра баргардонидааст. Айни замон дар дохили кишвар дар як шабонарӯз ҳудуди 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад. Ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори бузургтарини ҷумҳурӣ – Норак 220 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар мавсими тирамоҳу зимистон Тоҷикистон аз норасоии 3,5-4 млр. кВт/соат нерӯи барқ танқисӣ мекашад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.