Олимони тоҷик татбиқи барномаи давлатӣ оид ба истифодаи васеи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияро шурӯъ мекунанд

            Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Олимони тоҷик ба иллати норасоии нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ татбиқи барномаи давлатии истифодаи васеи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи офтоб, шамол ва биомассаро шурӯъ мекунанд.             Тавре мудири Маркази пажӯҳиш ва истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияи Академияи улуми Тоҷикистон Қурбон Кабутов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба ин […]



           

Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Олимони тоҷик ба иллати норасоии нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ татбиқи барномаи давлатии истифодаи васеи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи офтоб, шамол ва биомассаро шурӯъ мекунанд.





           

Тавре мудири Маркази пажӯҳиш ва истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияи Академияи улуми Тоҷикистон Қурбон Кабутов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба ин кор Донишгоҳи давлатии Хоруғу Хуҷанд ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон машғул гашта, ояндаи наздик заминаи маълумоти истифодаи ин навъи энергияи алтернативӣ дар Тоҷикистон таҳия хоҳад шуд.




           

Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтоб шароити мусоид мавҷуд аст ва маҳз ба истифодаи чунин навъи энергия дар ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад. «Махсусан истифодаи энергияи офтоб дар деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ, ки хати интиқоли барқ кашидан хеле душвор аст, аҳамияти муҳим дорад», – гуфт ӯ.




           

Қ.Кабутов изҳор дошт, ки истифодаи энергияи шамол дар баъзе мавзеъҳои вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ имконпазир аст. Ӯ инчунин истифодаи энергия аз биомассаро дар ҷумҳурӣ низ аз эҳтимол дур намешуморад. «Алҳол дар кишвари мо партовҳои маҳсулоти кишоварзӣ коркард намешаванд ва аз он энергия истеҳсол намегардад, вале дар ин самт тадқиқотҳо бурда мешаванд», – гуфт олим.




           

Ба гуфтаи Қ.Кабутов, дар сурати самаранокии фаъолият дар ин самт, аз соли 2013 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ин навъҳои энергия ба роҳ монда мешавад ва мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, то соли 2020 энергияи алтернативӣ беш аз 10 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли энергияи ҷумҳуриро ташкил дода метавонад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.