Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Олимони тоҷик ба иллати норасоии нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ татбиқи барномаи давлатии истифодаи васеи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи офтоб, шамол ва биомассаро шурӯъ мекунанд.
Тавре мудири Маркази пажӯҳиш ва истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияи Академияи улуми Тоҷикистон Қурбон Кабутов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба ин кор Донишгоҳи давлатии Хоруғу Хуҷанд ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон машғул гашта, ояндаи наздик заминаи маълумоти истифодаи ин навъи энергияи алтернативӣ дар Тоҷикистон таҳия хоҳад шуд.
Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтоб шароити мусоид мавҷуд аст ва маҳз ба истифодаи чунин навъи энергия дар ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад. «Махсусан истифодаи энергияи офтоб дар деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ, ки хати интиқоли барқ кашидан хеле душвор аст, аҳамияти муҳим дорад», – гуфт ӯ.
Қ.Кабутов изҳор дошт, ки истифодаи энергияи шамол дар баъзе мавзеъҳои вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ имконпазир аст. Ӯ инчунин истифодаи энергия аз биомассаро дар ҷумҳурӣ низ аз эҳтимол дур намешуморад. «Алҳол дар кишвари мо партовҳои маҳсулоти кишоварзӣ коркард намешаванд ва аз он энергия истеҳсол намегардад, вале дар ин самт тадқиқотҳо бурда мешаванд», – гуфт олим.
Ба гуфтаи Қ.Кабутов, дар сурати самаранокии фаъолият дар ин самт, аз соли 2013 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ин навъҳои энергия ба роҳ монда мешавад ва мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, то соли 2020 энергияи алтернативӣ беш аз 10 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли энергияи ҷумҳуриро ташкил дода метавонад.


