Тоҷири эронӣ аз сӯхтор дар Душанбе ба маблағи $2 млн. зарар дид

Date:



           

Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари сӯхторе, ки шаби 29 ба 30-уми ноябр дар яке аз анборҳои воқеъ дар кӯчаи Пирогови шаҳри Душанбе ба амал омад, маҳсулоти қолинӣ тақрибан ба маблағи 2 млн. доллари амрикоӣ сӯхта нобуд гардид.





           

Тавре аз Сарраёсати давлатии хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сӯхтор масоҳати 400 метри мураббаъро фаро гирифта, дар хомӯш кардани он 6 гурӯҳи оташнишонӣ ва 37 нафар кормандони хадамот иштирок кардаанд. «Оташ дар зарфи як соат хомӯш карда шуд ва хушбахтона, талафоти ҷ


онӣ ва ё ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани касе ба қайд гирифта нашудааст», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, феълан сабабҳои сар задани сӯхтор омӯхта мешаванд. «Тамоми маҳсулоти нобудгардида ба тоҷири эронӣ – Муҳаммади Хоксор тааллуқ дошт», – афзуд сарчашма.




           

Тибқи маълумоти раёсат, ҳафтаи сипаригашта дар ҷумҳурӣ 29 ҳодисаи сӯхтор ба вуқӯъ пайваста, хисороти молии он беш аз 6 млн. сомониро ташкил додааст. Дар аксари маворид ба сар задани сӯхтор шӯхиҳои кӯдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор ва расиши кӯтоҳи ноқилҳо сабаб мешаванд.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...