Э.Раҳмон супориш дод, ки ҷиҳати ифтитоҳи намояндагӣ ё консулгарии Тоҷикистон дар Яман чораҳо андешида шаванд

Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуюми рӯзи 30-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсули корӣ дар Давлати Қатар баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Яман рафт. Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари роҳбари давлати Тоҷикистон ба ин кишвари бостонӣ аст. Шоми ҳамон рӯз президенти Тоҷикистон […]

root


Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуюми рӯзи 30-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсули корӣ дар Давлати Қатар баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Яман рафт.




Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари роҳбари давлати Тоҷикистон ба ин кишвари бостонӣ аст.



Шоми ҳамон рӯз президенти Тоҷикистон бо зиёда аз 150 нафар намояндагони тоҷикон ва ҳамватанони муқими Яман вохӯрии самимии судманд анҷом дод.



Чунонки аён гашт, дар Ҷумҳурии Яман айни ҳол беш аз 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд. Беш аз 80 дар сади онҳоро табибони тоҷик ташкил медиҳанд, ки дар ин кишвар обурӯю эътибори баланд касб намудаанд.



Сарвари давлат аз нуфузу эҳтироми

 

Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ва табибони тоҷик, ки ворисони воқеии Абӯалӣ ибни Сино будани худро дар Яман собит намудаанд, изҳори сарфарозӣ кард ва таъкид дошт, ки онҳо бо кору ҳунари волояшон бояд Тоҷикистон ва илму фарҳанги бостонии тоҷиконро ба таври шоиста дар ин кишвар муаррифӣ кунанд.



Байни онҳо ҳамчунин як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас дод, аз ҷумла оид ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҳолати шаҳрвандӣ ва рафту омади ҳамватанон ба Тоҷикистон.



Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

 

ба шахсони дахлдор дастур дод, ки оид ба кушодани намояндагӣ ва ё консулгарии Тоҷикистон дар Яман чораҳои зарурӣ андешанд, то манфиатҳои шаҳрвандони мо таҳти пуштибонии давлатамон қарор бигиранд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.