Тоҷири эронӣ аз сӯхтор дар Душанбе ба маблағи $2 млн. зарар дид

            Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари сӯхторе, ки шаби 29 ба 30-уми ноябр дар яке аз анборҳои воқеъ дар кӯчаи Пирогови шаҳри Душанбе ба амал омад, маҳсулоти қолинӣ тақрибан ба маблағи 2 млн. доллари амрикоӣ сӯхта нобуд гардид.             Тавре аз Сарраёсати давлатии хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари сӯхторе, ки шаби 29 ба 30-уми ноябр дар яке аз анборҳои воқеъ дар кӯчаи Пирогови шаҳри Душанбе ба амал омад, маҳсулоти қолинӣ тақрибан ба маблағи 2 млн. доллари амрикоӣ сӯхта нобуд гардид.





           

Тавре аз Сарраёсати давлатии хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сӯхтор масоҳати 400 метри мураббаъро фаро гирифта, дар хомӯш кардани он 6 гурӯҳи оташнишонӣ ва 37 нафар кормандони хадамот иштирок кардаанд. «Оташ дар зарфи як соат хомӯш карда шуд ва хушбахтона, талафоти ҷ


онӣ ва ё ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани касе ба қайд гирифта нашудааст», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, феълан сабабҳои сар задани сӯхтор омӯхта мешаванд. «Тамоми маҳсулоти нобудгардида ба тоҷири эронӣ – Муҳаммади Хоксор тааллуқ дошт», – афзуд сарчашма.




           

Тибқи маълумоти раёсат, ҳафтаи сипаригашта дар ҷумҳурӣ 29 ҳодисаи сӯхтор ба вуқӯъ пайваста, хисороти молии он беш аз 6 млн. сомониро ташкил додааст. Дар аксари маворид ба сар задани сӯхтор шӯхиҳои кӯдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор ва расиши кӯтоҳи ноқилҳо сабаб мешаванд.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.