Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти қадрдонӣ аз нақши Миср ва таърихи он барои аввалин бор бо журналисти рӯзномаи “ал-Масоийя”-и Миср Муҳаммад Салом мусоҳиба анҷом дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, сарвари давлати Тоҷикистон зимни посух ба саволҳои журналист дар бораи таъриху фарҳанги мардуми тоҷик, ҷашни Наврӯз, нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти Афғонистони ҳамсоя ва ғайра, ҳамчунин ба масоили мушкилоти обиву энергетики минтақа низ таваҷҷуҳ кардааст.
Президенти Тоҷикистон зикр кардааст, ки мушкилии об ва энергетика, ки аз хатарноктарин қазияҳои қарн ба ҳисоб рафта, дар солҳои ахир дар Осиёи Марказӣ қазияи доғи рӯз гаштааст. «Бо тамоми самимият ва сидқ мегӯям: Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он 60 дарсади оби минтақа ташаккул меёбад, ба танҳоӣ даъвои истифодаи онро надорад, балки ҳамеша аз ташаббускорони ҳамкории мутақобилан судманд дар ин соҳа аст ва изҳори умед мекунад, ки шариконаш дар минтақа мақсаду маром ва ормонҳои вайро бифаҳманд», – гуфтааст сарвари давлати Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар идома Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ҳукукҳои ҳамсояҳояҳоро ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ риоя мекунад ва дар айни замон аз ҳамсояҳо талаб мекунад, ки вазъи Тоҷикистонро, ки аз захираҳои калони нафту газ маҳрум аст, хуб фаҳманд, зеро Тоҷикистон дар мавсими сармо аз камбуди барқ ва гармӣ азоби сахт дошта, илоҷи ягона сохтмони нерӯгоҳҳои тавлиди нерӯи барқ дар дарёҳои дохилӣ аст.