Ҳ.Зарифӣ ва А.Бобоҷон сатҳи муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Туркияро қаноатбахш арзёбӣ намуданд

Date:



           

Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири умури хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон масоили корҳои омодасозии боздиди расмии президенти Туркия Абдулло Гул аз Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Тавре аз департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин маҷмӯи васеи масъалаҳои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо, мушкилоти мавҷудаи муносиботи байнулмилалии ҷаҳон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро низ муҳокима карданд. «Ҳ.Зарифӣ ва А.Бобоҷон сатҳи муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Туркияро қаноатбахш арзёбӣ намуданд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки ҳамасола ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо рӯ ба афзоиш мениҳад. Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Туркия ба 260 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...