Рӯзи дарҳои кушод дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти донишгоҳ хабар доданд, чорабинӣ соати 10-и субҳ оғоз гардида, то соати 16 идома меёбад. Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби чорабинӣ вохӯрии мақомоти раҳбарии донишгоҳ бо хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт ва манотиқи кишвар баргузор […]

Меҳрангез Турсунзода


Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти донишгоҳ хабар доданд, чорабинӣ соати 10-и субҳ оғоз гардида, то соати 16 идома меёбад.

Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби чорабинӣ вохӯрии мақомоти раҳбарии донишгоҳ бо хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт ва манотиқи кишвар баргузор мешавад.

«Иштирокчиёни вохӯрӣ роҷеъ ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ, факултаҳои амалкунанда, фанҳои таълимӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳашон маълумоти муфасссал дастрас карда метавонанд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар «Рӯзи дарҳои кушод» хатмкунандагон макотиб ҳамчунин метавонанд бевосита аз факултаҳои донишгоҳ боздид намуда, бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён мулоқотҳо барпо кунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.