Кишварҳои узви CASA-1000 таркиб ва маблағгузории лоиҳаро баррасӣ карданд

Таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб)  Ҷаласаи байниҳукуматии чор кишвари иштирокчии лоиҳаи «CASA-1000» (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон муовини Вазири корҳои хориҷии Айтмурзоев Нурлан Ташмурзоевич, Ҷумҳурии Исломии […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб)  Ҷаласаи байниҳукуматии чор кишвари иштирокчии лоиҳаи «CASA-1000» (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон муовини Вазири корҳои хориҷии Айтмурзоев Нурлан Ташмурзоевич, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Вазири энергетика ва захираҳои об Муҳаммад Исмоил Хон, Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири энергетика ва захираҳои об Саид Навид Қамар роҳбарӣ карданд.

Дар рафти ҷаласаҳо масъалаҳои вобаста ба таркиб ва маблағгузории лоиҳа баррасӣ шуд

Айни замон лоиҳа аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ, бонки Исломии Рушд ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дастгирӣ карда мешавад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки сохторҳои молиявӣ ва сармоягузорони дигар метавонанд дар татбиқи лоиҳа иштирок намоянд.

Дар ин робита бо ташаббуси Ҷониби Тоҷикистон ба ҷаласа як қатор сохторҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои араб, аз ҷумла Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ (OFID), Фонди саудии рушд, Фонди рушди Абу Дабӣ ва Фонди кувайтии арабии рушди иқтисодӣ бо мақсади мусоидат ба лоиҳаи «CASA-1000» даъват шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чор кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон) имконияти якҷояи худро баҳри пайвастани хатҳои барқи миллии кишварҳои худ таҳти лоиҳаи муштарак «CASA-1000» равона намудаанд. Амалишавии лоиҳаи мазкур барои содир намудани барқи иловагии тавлидшавандаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозори Покистон ва Афғонистон, ки ин кишварҳо аз нерўи барқ танқисӣ мекашанд имкон медиҳад. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки дар татбиқи лоиҳа истифодаи технология ва таҷҳизотҳои муосир дар назар дошта шудааст.

Дар фарҷом протоколҳои ҷаласаҳои гурўҳҳои корӣ ва Шўрои байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.