Гул Шералӣ сармоягузорони арабро ба Тоҷикистон даъват кард

Дар доираи баргузории Ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматӣ лоиҳаи “CASA-1000” ва сафари худ ба Аморати Муттаҳидаи Араб вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ як қатор вохӯриҳои судманд анҷом дод. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҷумла бо Раиси гурӯҳи ширкатҳои «Ал-Шафар» – шайх Аҳмад Абдуллоҳ Ал-Шафар, Раиси гурўҳи ширкатҳои […]

ASIA-Plus


Дар доираи баргузории Ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматӣ лоиҳаи “CASA-1000” ва сафари худ ба Аморати Муттаҳидаи Араб вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ як қатор вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҷумла бо Раиси гурӯҳи ширкатҳои «Ал-Шафар» – шайх Аҳмад Абдуллоҳ Ал-Шафар, Раиси гурўҳи ширкатҳои «Amanie Advisors» – доктор Монд Довуд Бакр, намояндаи агентии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) бо идораи асосӣ дар Абу Даби – Йонг Ченг ва дигар сармоягузорон ва донорҳо вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохурӣ имконияти ҷалби сармоя ба соҳаҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон, бахусус бунёди корхонаҳои муштарак оид ба коркарди меваву сабзавот, пахта, пўст, пашм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар мавҷуд будани ашёи хом, аз ҷумла пахта, ки заминаи асосӣ барои рушди коркарди ин қабил маҳсулот мебошад, барои ташкили чунин корхонаҳо мусоидат хоҳад кард.

Сармоягузорон ва ширкатҳои кишварҳои араб иброз доштанд, ки бо мақсади омўзиш ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикргардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.