Иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи АБП СААД

Дар шаҳри Санкт-Петербург ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори ҷаласаи панҷуми умумии Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кард. Бо пешниҳоди М.Убайдуллоев раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин раиси АБП СААД интихоб карда шуд. Намояндагони парлумонҳои Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон тавсияҳо […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Санкт-Петербург ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори ҷаласаи панҷуми умумии Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кард.

Бо пешниҳоди М.Убайдуллоев раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин раиси АБП СААД интихоб карда шуд.

Намояндагони парлумонҳои Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон тавсияҳо оид ба тасдиқи рӯйхати ягонаи воситаҳои нашъаовар, ки таҳти назорат дар қаламрави кишварҳои узви СААД қарор доранд ва тавсияҳо перомуни танзими қонунгузориҳои миллӣ дар бахши таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноятро қабул карданд.

Аз рӯйи натоиҷи ҷаласа ҳамчунин ба муносибати 20-умин солгарди имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии таъсиси созмон Изҳороти АБП СААД қабул шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.