Як қатор мулоқоти судманди Ҳамрохон Зарифӣ дар ИМА

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки ҳайати Тоҷикистонро дар сафар ба ИМА роҳбарӣ мекунад, дар машваратҳои солонаи дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи аввали машваратҳо ҳайатҳои Тоҷикистон ва ИМА масъалаҳои доир ба амният, таҳкими марзҳо, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима намуданд. […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки ҳайати Тоҷикистонро дар сафар ба ИМА роҳбарӣ мекунад, дар машваратҳои солонаи дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи аввали машваратҳо ҳайатҳои Тоҷикистон ва ИМА масъалаҳои доир ба амният, таҳкими марзҳо, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима намуданд. 18 май машваратҳои дуҷониба идома хоҳанд дод.

Дар нимаи дуюми рӯзи 17 май Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо аъзои Конгресси ИМА, Сардори зеркомиссияи Аҳзоби Намояндагони ИМА оид ба масъалаҳои Аврупо ва Авруосиё ҷаноби Дан Буртон вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ мусоҳибон вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва нақши парлумон дар рушди минбаъдаи равобити миёни ИМА ва Тоҷикистонро муҳокима карданд.

Худи ҳамон рӯз, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА хонум Алис Веллс вохӯрӣ намуд. Мусоҳибон раванди вазъ дар минтақа ва Афғонистон, масоили мубориза бар зидди маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.  

Шоми рӯзи 17 май, дар Донишкадаи омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Қафқози Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс презентатсияи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар партави соли 2014» баргузор гардид. Зимни презентатсия дипломати тоҷик назари худро доир ба раванди вазъи минтақа дар партави баровардани қӯшунҳои муштарак аз Афғонистон дар соли 2014 ва амалисозии лоиҳаҳои инфрасохториро ҷиҳати барқарорсозии иқтисодию иҷтимоии ин кишвар баён намуд. Дар анҷоми баромад Вазири корҳои хориҷӣ ба саволҳои иштирокчиён посух гардонид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.