Дар Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли трансформатори Тоҷикистону Чин таъсис меёбад

Date:



           

Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик дар Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли трансформатори Тоҷикистону Чин таъсис меёбад.





           

Тавре аз маркази матбуоти вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин хусус дар шаҳри Харбини Чин зимни мулоқоти вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо раҳбарияти ширкати «БТА» тавофуқ ҳосил шуда буд. «Айни замон корҳои омодасозии асноди меъёрӣ ҳуқуқии таъсиси корхона идома доранд», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, таъсиси корхонаи нав дар заминаи корхонаи истеҳсоли трансформатори шаҳри Қӯрғонтеппа ба нақша гирифта шудааст.




           

Зикр гардид, ки ҳангоми сафари корӣ ба Чин аз 17 то 24-уми ноябри соли ҷорӣ Г.Шералӣ бо мақомоти раҳбарии як қатор ширкатҳои ин кишвар дидору гуфтушунид кардааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...