Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон рафт

            Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.             Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни боздиди корӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва дигар мақомоти ҳукумати ин кишвар дидору гуфтушунид хоҳад кард. «Дар дидору гуфтушунидҳои […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.





           

Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни боздиди корӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва дигар мақомоти ҳукумати ин кишвар дидору гуфтушунид хоҳад кард. «Дар дидору гуфтушунидҳои президенти Тоҷикистон бо мақомоти раҳбарии Эрон ба масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.




           

Тибқи иттилои манбаъ, сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор хоҳанд намуд. Намояндаи дафтари матбуоти сарвари давлат афзуд, ки президенти Тоҷикистонро дар сафар раҳбарияти бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони вазорати умури хориҷӣ ва аъзои ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд. Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ президенти Тоҷикистон аз Эрон боздиди расмӣ анҷом дода буд.




           

Мувофиқи хабари қаблан интишоргардида, пас аз анҷоми сафар ба Эрон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар

конфронси байнулмилалӣ оид ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи молиягузории рушд, ки соли 2002 дар Монтеррей (Мексика) ба тасвиб расида буд, озими шаҳри Доха – пойтахти Қатар хоҳад шуд. Конфронс аз 29-уми ноябр то 3-уми декабр доир мегардад.





           

Тибқи иттилои Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид, конфронси мазкур ба таҳлили иҷрои қарорҳои дар соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида бахшида мешавад. Дар конфронси Монтеррей давлатҳо тавофуқ ҳосил карда буданд, ки кишварҳои мутараққиву сарватманд бо мақсади рушд ҳаҷми кӯмакҳоро ба кишварҳои қашшоқ зиёд мекунанд ва ин кишварҳо дар навбати худ ӯҳдадор шуда буданд, ки дар давлатҳои худ ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ роҳандозӣ намуда, собит месозанд, ки маблағи кӯмакҳо барои иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола истифода бурда шудаанд.




           

Маркази иттилооти СММ ҳамчунин хабар медиҳад, ки қарорҳои соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида ба афзоиши ҳаҷми кӯмакҳо бо мақсади рушд аз ҷониби кишварҳои мададрасон мусоидат кардааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.