Густариши ҳамкориҳои парлумон бо Бонки ҷаҳонӣ

Date:


Имрӯз, 18 – уми майи соли 2012 раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов бо намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ – роҳбари департамент, Гурӯҳи тавсеаи сохтори давлатӣ ва ислоҳоти идорӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Билл Доротинск ва хонум Яна Куницева мулоқот анҷом дод.

Таврне котиби матбуотии палати поёнии апрумлони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши ҳамкориҳои байни Маҷлиси намояндагон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсати иқтисодӣ, мусоидат ба рушди Буҷети давлатӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди арсаи энергетика, таъмини об ва хадамоти худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат дар таҳия ва қабули қонунҳои марбут ба буҷет ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо муҳокима шуданд.     

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ баста шудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки дар семоҳаи соли 2012 ва то имрӯз фаъолиятҳо дар заминаи ҳисобот оид ба фаъолияти Котибот дар соли 2011 бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ омода гашта, бо кумитаи иқтисод ва молия ва Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқа карда шуд. Ин ҳисобот бо забони тоҷикӣ дар сайти Маҷлиси намояндагон ҷойгир кунонида шуд, супориши техникӣ оид ба таҳияи луғати молиявӣ бо кумитаи иқтисод ва молия мувофиқа шуда, ба Бонки Умумиҷаҳонӣ фиристода шуд, таҳлили норасоӣ ва имкониятҳои имконпазир ва арзёбии эҳтиёҷоти кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва бахшҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ки дар ҷараёни буҷетӣ иштирок мекунанд, анҷом дода шуданд.     

Намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ – роҳбари департамент, Гурӯҳи тавсеаи сохтори давлатӣ ва ислоҳоти идорӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Билл Доротинск дар навбати худ сатҳи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин бонки мазкурро мувофиқи манофеъи ҳарду ҷониб арзёбӣ намуда, ҳамчунин хостори тақвияти ҳарчи бештари муносибот бо мамлакати мо шуд.     

Таъкид гардид, ки парлумони Тоҷикистон дар фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ дар кишвар, ки шарти асосии боварӣ ва эътимоди созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба шумор меравад, нақши муассир ва арзанда дорад.

Дар мулоқот роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов ва Ашӯрбек Расулов иштирок доштанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related