Заминларза дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ

Шоми рӯзи панҷшанбе дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар қаламрави вилояти Суғд заминларза рух дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муҳандис-геофизики Хадамоти геофизикии Академияи улуми ҶТ Татяна Дмитриева хабар дод, заминҷунбӣ соати 20 бо вақти Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Маркази заминларза дар 147 километрии шимолу шарқи Душанбе дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, 10 километрии шаҳри Истаравшан ва 72 […]

Меҳрангез Турсунзода


Шоми рӯзи панҷшанбе дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар қаламрави вилояти Суғд заминларза рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муҳандис-геофизики Хадамоти геофизикии Академияи улуми ҶТ Татяна Дмитриева хабар дод, заминҷунбӣ соати 20 бо вақти Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Маркази заминларза дар 147 километрии шимолу шарқи Душанбе дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, 10 километрии шаҳри Истаравшан ва 72 километрии шаҳри Хуҷанд воқеъ будааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар марказ қувваи заминларза 4 ва шаҳри Истаравшан 3-4 баллро ташкил додааст. Ба гуфтаи мутахассис, алҳол аз ноҳияҳои дигари минтақаи шимоли кишвар маълумоте дастрас нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 13-уми май, бар асари заминларзаи харобиовар дар минтақаи шарқи кишвар даҳҳо оила бесарпаноҳ монданд. Маркази заминларза дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд. Бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расид. Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил дода буд.

Рӯзи 16-уми май сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз макони бар асари заминларза харобшудаи ноҳияи Тавилдара боздид намуда, бо оқибатҳои офати табиӣ аз наздик шинос ва бо сокинони маҳаллӣ мулоқот кард. Мутобиқи маълумоти ба сарвари давлат пешниҳодшуда, дар ноҳияи Тавилдара бар асари заминларза 105 манзили зист пурра ва боз 155 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудаанд. Дар ноҳияи Рашт ин шумор мутаносибан 8 ва 16 ададро ташкил медиҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...