Пешниҳоди тағйири номгузории чанде аз кӯчаҳои пойтахт

Date:


Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки дар он тағйири номгузории чанде аз кӯчаҳои пойтахт пешниҳод мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбен Шавкат Саидов хабар дод, қарори мазкур бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи арбобони шинохтаву маъруфи адабиёту фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар рушди фарҳанги ватанӣ саҳми босазо гузоштаанд, қабул шудааст.

«Дар қарори раиси пойтахт пешниҳод мегардад, ки кӯчаи 9 январи ноҳияи Сино ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ, кӯчаи Привокзальнаяи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Қутбӣ Киром ва кӯчаи Пионерскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба номи Ҳунарпешаи халқии  Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, вакили мардумии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова номгузорӣ шавад», – гуфт Ш.Саидов.

Номбурда афзуд, назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев  вогуузор гардидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...