Нияти содироти 1 млрд. метри мукааб оби Тоҷикистон ба Эрон

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ки рӯзи якшанбе дар шаҳри Теҳрон ба кор шурӯъ кард, вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯй изҳор кард, ки Эрон бо Тоҷикистон перомуни содироти тақрибан 1 млрд. метри муккааб об аз Тоҷикистон ба Эрон гуфтушунид дорад. Тибқи маълумоти Tehran Times, вазири энергетикаи ин кишвар гуфтааст, […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ки рӯзи якшанбе дар шаҳри Теҳрон ба кор шурӯъ кард, вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯй изҳор кард, ки Эрон бо Тоҷикистон перомуни содироти тақрибан 1 млрд. метри муккааб об аз Тоҷикистон ба Эрон гуфтушунид дорад.

Тибқи маълумоти Tehran Times, вазири энергетикаи ин кишвар гуфтааст, қаблан Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон бобати ташкили як роҳи интиқоли обиву энергетикӣ ба мувофиқа расида буданд.

«Барои васл гардидани шабакаҳои барқии се кишвар бояд хатти интиқоли барқи 500 кВ сохта шавад», – гуфтааст ӯ ва афзудааст, ки айни замон имконоти техникии лоиҳа ва ҳаҷми дақиқи сармоягузориҳо мавриди омӯзиш қарор доранд.

М.Номҷӯй таъкид кадааст, ки моҳи марти соли равон сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон як Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расониданд, ки мутобиқи он сохтмони роҳи мошингард миёни кишварҳо пешбинӣ мешавад.

«Агар ин роҳ сохта шавад, ба бунёди лӯлаи интиқоли нафту газ аз Эрон ва интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс имконият пайдо мешавад, – изҳор доштааст ӯ. – Мо ҳамчунин масъалаи сохтмони корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистонро низ мавриди баррасӣ қарор додаем».

Дар ҳамин ҳол, аввали ҳамин моҳ намояндаи Ширкати миллии гази Эрон Абдулҳусейн Баёт ба агентии Mehr News хабар дода буд, ки Тоҷикистон ба воридоти газ аз Эрон манфиатдор буда, «гуфтушунидҳо оид ба ин масъала ояндаи наздик оғоз мегарданд».

Чанде пештар сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор карда буд, ки Эрон содироти газ ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Чинро тавассути лӯлаи интиқолии нав амалӣ карданист. «Мутобиқи созишномаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон, лӯлаи нав тавассути Афғонистон Эронро бо Тоҷикистон ва минбаъд бо Қирғизистону Чин мепайвандад», – гуфта буд ба журналистон дипломатии эронӣ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Tehran Times, айни замон ҳаҷми истихроҷи газ дар Эрон 554 млн. метри мукааб дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Аз рӯйи захоири гази табиӣ дар ҷаҳон Эрон пас аз Русия зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои ахир Тоҷикистон ба таври истисноӣ танҳо аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон газии табиӣ ворид мекунад, вале бар асари мухолифоти мудом пайдошуда миёни ҳукуматдорон, интиқоли он тез-тез қатъ мегардад. Феълан газе, ки аз ҷумҳурии ҳамсоя ворид мегардад, танҳо баҳри эҳтиёҷоти ду корхонаи бузурги саноатии кишвар – Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» масраф мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.