Заминларзаи навбатӣ дар Тоҷикистон

Шоми рӯзи 27-уми май дар Тоҷикистон бо қувваи 4 балл заминларзаи навбатӣ рух дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, ҳодисаи заминларза соати 21:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваста, маркази он дар 135 километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тавилдара воқеъ будааст. «Дар марказ […]

Виктория Наумова


Шоми рӯзи 27-уми май дар Тоҷикистон бо қувваи 4 балл заминларзаи навбатӣ рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, ҳодисаи заминларза соати 21:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваста, маркази он дар 135 километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тавилдара воқеъ будааст.

«Дар марказ қувваи заминларза 4 балл ва дар ноҳияи Тавилдара 3 баллро ташкил дода, дар бораи харобиҳову талафоти ҷонӣ маълумот нарасидааст», – гуфтанд дар кумита.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми майи соли равон дар Тоҷикистон заминларзаи харобиовар рух дод. Маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд.

Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил дода буд. Бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расид.

Санаи 16-уми сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз макони офатзадаи ноҳияи Тавилдара боздид намуда, бо сокинони осебдида мулоқот кард. Тибқи маълумоти ахири ба сарвари давлат пешниҳодшуда, бар асари ин заминларза дар ноҳияи Тавилдара 105 манзили зист пурра хароб гардида, боз 155 хонаҳои истиқоматӣ қисман зарар диданд. Ин нишондиҳанда дар ноҳияи Рашт мутаносибан 8 ва 16 ададро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.