Таъсиси гурӯҳи парлумонии таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи минтақаҳои кӯҳӣ»

Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин масъала ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси […]

Аваз Юлдошев


Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин масъала ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳров доир гардид, ворид гардида буд.

Дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту илова ба Кодексҳои ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ, Қонуни ҶТ «Дар бораи байторӣ» ва ҳамчунин лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи «Дар бораи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тамоми масоили аз ҷониби Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки санаи 30-юми май доир мегардад, ворид карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.