Идомаи кӯмакҳои ҳукумати Ҷопон ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ

Чанде қабл бо иштироки ҷаноби Ҳиройуки Имаҳашӣ сафири Ҷопон Тоҷикистон, хонум Тоҷиниссо Маҳмадова, муовини вазири маориф  ва ҷаноби Суҳроб Охунов,  раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маросими мавриди истифода қарор гирифтани мактаби миёнаи рақами 8, ҷамоати «Иван Тоҷик»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид. Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, “Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёна дар ҷамоати […]

ASIA-Plus


Чанде қабл бо иштироки ҷаноби Ҳиройуки Имаҳашӣ сафири Ҷопон Тоҷикистон, хонум Тоҷиниссо Маҳмадова, муовини вазири маориф  ва ҷаноби Суҳроб Охунов,  раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маросими мавриди истифода қарор гирифтани мактаби миёнаи рақами 8, ҷамоати «Иван Тоҷик»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, “Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёна дар ҷамоати “Иван Тоҷик”-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи умумияш 111.604


доллари ИМА муваффақона ба итмом расид.

Ҷамоати «Иван Тоҷик»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо миқдори аҳолии 12400 нафар дар минтақаи кӯҳистони баланд ҷойгир мебошад. Аз ҳисоби набудани вазъияти мувофиқи омӯзиш дар деҳаи Рогиф ҷамоати мазкур, мактаббачаҳо ба мактаби деҳаи ҳамсоя мерафтанд, ки дар масофаи дурдаст воқеъ аст. Барои самаронок гирифтани таълимот, рафтуомади масофаи дурдаст мушкили пеш меовард.  

Ба иттилои манбаъ, бинои мактаби нав, ки 252 метри мураббаъро ташкил медиҳад, бо утоқи муаллимон ва шаш синфхона бо ёрии грант сохта шуд. Мактаби нав шароити мувофиқи таълимӣ, коҳиши вақте, ки барои роҳ сарфа мешавад ва муҳофизати саломатии донишчуён кӯмак менамояд.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии 21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.