Дар Суғд қотил базудӣ дастгир шуд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як ҷинояткори даст ба кушторзада базудӣ дастгир шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, соати 21:00-и рӯзи 26-уми май дар назди пули «Юбилейный»-и шаҳри Хуҷанд сокини 20-солаи ҷамоати Х.Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далер Турсунов бо ҳамдиёри худ – сокини 27-солаи маҳаллаи зикршуда Абдурасул Абдурасулов вомехӯрад. […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як ҷинояткори даст ба кушторзада базудӣ дастгир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, соати 21:00-и рӯзи 26-уми май дар назди пули «Юбилейный»-и шаҳри Хуҷанд сокини 20-солаи ҷамоати Х.Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далер Турсунов бо ҳамдиёри худ – сокини 27-солаи маҳаллаи зикршуда Абдурасул Абдурасулов вомехӯрад. Ахирӣ дар соҳил ба оббозӣ машғул будааст.

«Д.Турсунов бидуни сабаби назаррасе ба А.Абдурасулов бо корд зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Бар асари ҷароҳати гирифта Абдурасулов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», – гуфтанд дар РКД.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ Турсунов базудӣ дастгир шуда, рӯзи 27-уми май прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 104, қисми 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд ва тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти РКД-и вилояти Суғд, дар зарфи 4 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 13 ҳодисаи одамкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 15 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.