Раиси Хатлон барқарор кардани санаторияи табобати бемориҳои силро ваъда кард

Дар мактаби № 23-и деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ қабули шаҳрвандон ва вохӯрии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов бо сокинони маҳаллӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ мудирони шӯъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, […]

Турко Дикаев


Дар мактаби № 23-и деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ қабули шаҳрвандон ва вохӯрии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов бо сокинони маҳаллӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ мудирони шӯъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев хабар дод, дар ин гуна вохӯриҳои сайёр ҳама мушкилот дарҳол мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, дар сурати афзалиятнок шуморида шудани ҳалли он, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ дарҳол ба иҷрои он супориши мушаххас дода мешавад.

Дар робита ба масъалаи табобати беморони сил ҳамин гуна ҳолат сурат гирифта, раиси вилоят ба Раёсати тандурустӣ ҷиҳати дарёфти маблағ барои барқарор кардани санаторияи муолиҷаи бемориҳои сил дар ҷамоати «Пахтакор», ки аз соли 1999 амал намекунад, супоришҳои мушаххас дод. «Ҳамчунин дар бораи кушодани шуъбаи таваллуд дар назди беморхонаи ҷамоати «Пахтакор» низ мебояд чораҳои таъҷилӣ андешид», – гуфт раиси вилояти Хатлон.

Дар масъалаи кашидани хатти низоми таъмин бо об қарор шуд, ки ин масъала дастаҷамъона ҳал гардад. «Ба ман фавран ҳисобу китобро пешниҳод кунед ва мо аз буҷет барои харидани қубурҳо, лавозимоти дигар ва таҷҳизот маблағи зарурӣ ҷудо карда, корҳои боқимонда тавассути ҳашари умумӣ ба иҷро расонида мешаванд», – изҳор кард Ғайбулло Афзалов.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин мушкилоти мавҷуда дар бахши тандурустӣ, масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони инфиродӣ ва мушкилоти хоҷагиҳои фермерӣ низ баррасӣ шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.