Дар Тоҷикистон истифодаи Интернет қиматтар мешавад

Шурӯъ аз 1-уми июн интернет-провайдерон ё худ ширкатҳои дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон ба пардохти андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% шурӯъ мекунанд. Дар Тоҷикистон андози мазкур ҳанӯз 1-уми январи соли 2011 ҷорӣ гардида буд, вале масъалаи пардохти он аз ҷониби интернет-провайдерон танҳо моҳи ноябри соли 2011 ба миён гузошта шуд. Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон Парвина […]

Виктория Наумова


Шурӯъ аз 1-уми июн интернет-провайдерон ё худ ширкатҳои дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон ба пардохти андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% шурӯъ мекунанд. Дар Тоҷикистон андози мазкур ҳанӯз 1-уми январи соли 2011 ҷорӣ гардида буд, вале масъалаи пардохти он аз ҷониби интернет-провайдерон танҳо моҳи ноябри соли 2011 ба миён гузошта шуд.

Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон Парвина Ибодова мегӯяд, онҳо ба тамоми мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар бораи бекор кардани ин андоз муроҷиат кардаанд, вале посухҳо ҳамеша ба манфиати Кумитаи андоз сурат гирифтаанд ва акнун провайдерон маҷбуранд, ки андозро пардохт кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи андози ба таъхир гузошташудаи давраи аз 1-уми январи соли 2011 то 1-уми июни соли 2012-ро ширкатҳо аз ҳисоби худ мустақилона пардохт мекунанд, вале аз 1-уми июни соли ҷорӣ тарофаҳои истифодаи интернет ба самти болоравӣ мавриди бозбинӣ қарор мегиранд.

«Чанде аз ширкатҳои дастраскуни Интернет аллакай тарофаҳоро бозбинӣ карда, дигарон онро мавриди ҳаллу фасл қарор додаанд. Арзиши хизмтгузориҳои истифодаи Интернет барои аҳолӣ ба ҳисоби миёна 4% афзоиш хоҳад ёфт», – гуфт ӯ.

Дар ширкати «Истера» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз 1-уми июн тарофаҳои истифодаи интернет барои тамоми корбарони ширкат тақрибан 3,5-4% афзуда шудаанд.

«Пардохти маблағи ба таъхир гузошташуда дар маҷмӯъ ба рушди хизматгузориҳои истифодаи интернет таъсир расонида, ин маблағро ширкатҳо метавонистанд ба рушди соҳа равона созанд, вале имрӯз моро маҷбур месозанд, ки маблағи андози аксизии аз пеш мавқуфгузоштаро пардохт кунем. Бояд гуфт, ки чунин андозро ҳеҷ яке аз ширкатҳои дастраскуни интернет дар саросари ҷаҳон пардохт намекунад», – гуфтанд дар ширкати мазкур.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, шумори корбарони шабакаи Интернет миёни аҳолии қариб 8 миллионннафараи Тоҷикистон ба 2,1 млн. нафар расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.