Вакил: Ҷалби сармояи хориҷӣ ба истиқлоли кишвар таҳдид намекунад

Пешгӯйиҳои чанде аз таҳлилгарони бахши молиявӣ ва коршиносон дар хусуси ба соҳибистиқлолии кишвар ва амнияти миллии он таҳдид доштани ҷалби қарзҳои зиёди хориҷӣ асоси воқеӣ надоранд, – мегӯяд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, узви Кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талбаков. Ба андешаи вай, дар ҷаҳони муосир давлате вуҷуд надорад, ки барои […]

Аваз Юлдошев


Пешгӯйиҳои чанде аз таҳлилгарони бахши молиявӣ ва коршиносон дар хусуси ба соҳибистиқлолии кишвар ва амнияти миллии он таҳдид доштани ҷалби қарзҳои зиёди хориҷӣ асоси воқеӣ надоранд, – мегӯяд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, узви Кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талбаков.

Ба андешаи вай, дар ҷаҳони муосир давлате вуҷуд надорад, ки барои амалисозии баъзе лоиҳаҳо дар қаламраваш аз сармоягузорони хориҷӣ қарз нагирифта бошад.

«Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии ИМА аз 14 триллион доллар боло рафта, қарзи Юнон беш аз 120% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии онро ташкил медиҳад, – иброз дошт вакил. – Аввали соли 2000 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон низ ба 120%-и ММД-и он баробар буд, аммо тайи 12 соли ахир ба туфайли сиёсати дурусти пуливу молии ҳукумат, ин вазъ рӯ ба беҳбудӣ овард ва имрӯз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ҳамагӣ 40-43%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад».

Коршинос мегӯяд, қарзҳое, ки Тоҷикистон тайи солҳои ахир мегирад, хусусияти истеъмолӣ надошта, истеҳсолианд. «Ин ба он кафолат медиҳад, ки қарзҳои гирифта ба рушди иқтисоди миллӣ, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ равона гардида, саривақт баргардонида шаванд», – таъкид сохт И.Талбаков.

Вакил зикр кард, ки якчанд сол қабл дар Тоҷикистон  фонди стабилизатсионӣ таъсис дода шуд, ки пардохти қарзҳои хориҷии кишварро таъмин мекунад ва ин ҳам ба эътимоди ҷолибияти бозори кишвар мусодиат кард.

«Таваҷҷуҳ фармоед, ки қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аслан ба амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ равона шудаанд. Таври маълум, бахшҳои зикршуда хеле даромадноканд ва воситаҳои қарзии ба онҳо масрафшударо метавон базудӣ баргардонд, ки аз ин нукта сармоягузорони хориҷӣ низ бахубӣ огаҳанд», – афзуд И.Талбаков. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.