Оғози кори мактаби дуюми минтақавии ҳуқуқи ВАО дар Душанбе

Мактаби минтақавии ҳуқуқи ВАО барои ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва донишҷӯёни солҳои болои  факултаҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон  бори дуюм дар Душанбе ба шакли давраи омӯзишии дарозмуддат аз 6 то 10 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад. Тавре аз Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадади Тоҷикистон  хабар доданд, лоиҳаи мазкур […]

ASIA-Plus


Мактаби минтақавии ҳуқуқи ВАО барои ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва донишҷӯёни солҳои болои  факултаҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон  бори дуюм дар Душанбе ба шакли давраи омӯзишии дарозмуддат аз 6 то 10 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадади Тоҷикистон  хабар доданд, лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Институти  ҳуқуқи ВАУ –и Украина амалӣ мешавад. Мактаби минтақавии ҳуқуқи ВАУ аз ҷониби барномаҳои  ВАО,  Иттилоотӣ ва Ҳуқуқии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадади Тоҷикистон  ва Барномаҳои  ВАО- и  «Бунёди Сорос» – и Қазоқистону Қирғизистон  дастгирӣ шудааст.

Давраи омӯзишии  мазкур чунин мавзӯҳои мубрамро  мисли риояи озодии сухан ва иттилоот, ҳимояи шаъну шараф ва обрӯи  касбӣ,  ҳифзи фаъолияти ВАО,  масоили ҳуқуқии телевизиону радио ва ғайраро  дарбар мегирад. Инчунин дар асоси тавсияҳои ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО –и  ватанӣ бахши алоҳидаи Мактаб ба кушишҳои танзими Интернет дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ  бахшида мешавад. Махсусиятҳои ҳуқуқи ВАО – и се мамлакатро коршиносони соҳа  муаррифӣ мекунанд.

Мавзӯи омӯзондани ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО яке аз мавзӯҳои доғи тахассусии имрӯза аст. Ягон донишгоҳи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО-ро тарбия намекунад. Аз ин рӯ барномаи ВАО – и ИҶК БМ дар ҳамдастӣ бо дигар барномаҳои Бунёд   ҳуқуқшиносонро ба  Мактаби ҳарсолаи ҳуқуқи ВАО, ки дар Киев баргузор мегардад,  фиристода, дар омода кардани гурӯҳи мутахассисони  ин соҳа саҳм мегузорад. Соли 2010 ИҶК БМ Тоҷикистон ва Институти Ҳуқуқи ВАУ барои нахустин бор  давраи омӯзишии махсусро дар  Тоҷикистон роҳандозӣ карда, ба он намояндагони мамлакатҳои ҳамсояро низ даъват намуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.