Пешниҳоди коршиносон ҷиҳати таъсиси сохтори мустақили тафтиши шиканҷа

Дар Душанбе барои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Озодӣ аз шиканҷа ва дигар кирдору ҷазои золимона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор» семинар доир гардид, ки аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар ҷараёни он коршиносон зикр карданд, ки истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон хусусияти доимӣ дошта, ҳукуматдоронро зарур аст, ки баҳри иҷрои уҳдадориҳои […]

Наргис Ҳамробоева


Дар Душанбе барои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Озодӣ аз шиканҷа ва дигар кирдору ҷазои золимона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор» семинар доир гардид, ки аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон созмон дода шуд.

Дар ҷараёни он коршиносон зикр карданд, ки истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон хусусияти доимӣ дошта, ҳукуматдоронро зарур аст, ки баҳри иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди ҷомеаи байнулмилалӣ чораҳои мушаххастаре биандешанд.

Моҳира Усмонова, раиси Ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, ба ҳодисаҳои зиёди кирдори золимона зимни боздошт, ба ҳабс гирифтан ва бозпурсӣ ишора карда, таъмин накардани дастрасии фаврии боздоштшуда ба адвокатро яке аз ин сабабҳо унвон кард.

«Бо чунин тарзи кор, бидуни гузаронидани тафтишоту амалҳои тафтишотӣ метавон кабинетро ҳам тарк накарда, тамоми ҷиноятҳоро ошкор намуд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, барои тафтишоти далелҳои истифодаи шиканҷа мебояд як сохтори мустақилеро таъсис дод, ки кормандони амалкунанда ва собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳайати он шомил набошанд ва он дар назди ВКД, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомот ҷавобгӯ набуда, ба парлумон ҳисобот диҳад.

Намояндаи Amnesty International Рейчел Буглер изҳор кард, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон мавҷуд будани мушкилоти истифодаи шиканҷаро эътироф кардаанд ва ворид намудани моддаи ҷудогонаи «Шиканҷа» ба қонунгузории ҷиноӣ ва бекор кардани моддаҳои «Таҳқир»-у Туҳмат» дар Кодекси ҷиноӣ гувоҳи ин гуфтаҳост.

«Шиканҷа дар марҳилаҳои аввали боздошт барои ба даст овардани баёноти ба гуноҳ иқрор шудан ё бо мақсади тарсонидани хешовандони боздоштшуда ҷиҳати гирифтани даромад аз онҳо сурат мегирад», – гуфт вай.

Сармутахассиси шуъбаи кафолати конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Абдулло Солиев изҳор кард, ки масоили риояи ҳуқуқи инсон барои кишвар афзалиятнок маҳсуб ёфта, тамоми ҳисоботи марбут ба шиканҷа ва кирдори золимона, аз байн бурдани поймолкунии ҳуқуқи занон, Гузориши миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ва ғайра саривақт пешниҳод шудаанд.

Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр аз нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо шиканҷа ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «пешгирии ҳодиса ҳамеша аз мубориза бо оқибатҳои он хубтар аст».

Раҷабмо Бадриддинова, намояндаи Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳафт асноди байнулмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия бар зидди шиканҷаро эътироф намудааст.

«Соли 2011 ба Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба поймолкунии ҳуқуқи инсон дар масъалаи озод будан аз шиканҷа 5 муроҷиат ворид гардид. Дар тамоми муддати фаъолияти мо чунин муроҷиатҳо ба 19 адад расиданд. Тибқи якчанд далелҳо прокуратура тафтишот доир намуда, ин далелҳоро тасдиқ кард», – афзуд Бадриддинова.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.