Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ

Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо гурӯҳе аз кормандони Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 11-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) оид ба масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва Шӯро оид ба сиёсати муҳоҷират дар Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди АвруОсиё, ки аз […]

ASIA-Plus


Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо гурӯҳе аз кормандони Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 11-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) оид ба масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва Шӯро оид ба сиёсати муҳоҷират дар Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди АвруОсиё, ки аз 12 то 15 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, ба Федератсияи Россия сафар намуд.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи навбатӣ, равандҳои муҳоҷират дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), татбиқи Барномаҳои ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2009-2011 ва як қатор масоили дигар баррасӣ хоҳанд гашт.

Дар ҷаласа ҳамчунин масоили вазъи муҳоҷират дар кишварҳои узви ИДМ, таҷрибаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия оид ба пешниҳоди патент ҷиҳати амалисозии фаъолияти меҳнатӣ, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба кор, назорати реҷаи будубоши онҳо ва ғайра матраҳ мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.