Б. Зуҳуров сабаби қатъи дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс»-ро шарҳ дод

Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» — Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба идораи хабаргузории «Азия-Плюс» қарор дар бораи қатъи дастрасӣ ба торнамои медиа-холдинг (www.news.tj (www.asiaplus.news)-ро шифоҳӣ шарҳу тавзеҳ дод. Ёдрас мекунем, ки дирӯз ба ширкатҳои фароҳамсоз (провайдерон)-и интернети кишвар бо мазмуни «бо сабабҳои техникӣ ва корҳои профилактикӣ» қатъ кардани дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» аз Хадамоти алоқаи […]

Asia-Plus

Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» — Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба идораи хабаргузории «Азия-Плюс» қарор дар бораи қатъи дастрасӣ ба торнамои медиа-холдинг (www.news.tj (www.asiaplus.news)-ро шифоҳӣ шарҳу тавзеҳ дод.

Ёдрас мекунем, ки дирӯз ба ширкатҳои фароҳамсоз (провайдерон)-и интернети кишвар бо мазмуни «бо сабабҳои техникӣ ва корҳои профилактикӣ» қатъ кардани дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ мактуб расидааст. Нимаи дуюми рӯз чанде аз фароҳамсозони интернет ин талаби Хадамоти алоқаро ба иҷро расониданд.

Тавре ба масъулони торнамои «Азия-Плюс» сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров хабар дод, сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона роҳ додан ба нашри шарҳу андешаҳои иғвобарангези корбарони торнамо будааст.

Ба гуфтаи ӯ, як қатор шарҳу андешаҳои корбарони сомона дар поварақи хабару мақолаҳо аз туҳмату таҳқир ба унвони мансабдорони баландпояи ҷумҳурӣ иборат будаанд.

Идораи хабаргузорӣ ба гирифтани як шарҳ, ки ба андешаи сардори Хадамоти алоқа мухолифи қонунгузорӣ аст, тасмим гирифт ва дар навбати худ, Бег Зуҳуров ваъда дод, ки ояндаи наздик мушкилоти дастрасӣ ба сомонаи хабаргузорӣ ҳал мешавад.

Идораи хабаргузорӣ нома ба 14 ширкатҳои фароҳамсози интернет дар бораи қатъи дастрасӣ ба торнамои медиа-холдингро дар ихтиёр дорад, вале бинобар муҳри махфият доштани мактуб, онро дар торнамо интишор карда наметавонад.

Ани замон идораи хабаргузорӣ барои ҷойгир кардани маводи иттилотии худ аз прокси-сомонаҳо низ истифода мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.