Дар Баткен котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон масоили баҳсталаби марзи кишварҳоро баррасӣ мекунанд

Date:



           

Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Баткен зимни мулоқоти котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва Қирғизистон Адахон Мадумаров масоили аломатгузорӣ ва муайян кардани хати сарҳади кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.





           

Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои қарордоди дар мулоқоти моҳи апрел дар Исфара баргузоршударо муҳокима хоҳанд кард. Қобили зикр аст, ки моҳи апрел дар мулоқоти Исфара масоили мубориза бо ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил, баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати мудофиаи марзи кишварҳо ва танзими вазъҳои баҳсбарангез дар марз мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.




           

Дар он мулоқот дар сатҳи раисони вилоят ва ноҳияҳои сарҳадӣ ташкили ситоди пешгирӣ ва ҳалли вазъҳои баҳсӣ дар марз қарор қабул шуда буд. Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки то муайян кардану аломатгузории хати сарҳади кишварҳо дар қаламравҳои баҳснок ягон фаъолияти хоҷагидорӣ бурда нашавад. «Бо ташаббуси Тоҷикистон аз марзбонони қирғиз дархост шуда буд, ки ҷиҳати беҳбуди шароити равуои бемалоли шаҳрвандони тоҷик ба деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара дар бораи аз байн бардоштани посгоҳи марзии «Бедак» чораҷӯӣ намоянд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...