Дар Баткен котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон масоили баҳсталаби марзи кишварҳоро баррасӣ мекунанд

            Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Баткен зимни мулоқоти котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва Қирғизистон Адахон Мадумаров масоили аломатгузорӣ ва муайян кардани хати сарҳади кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.             Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои қарордоди дар […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Баткен зимни мулоқоти котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва Қирғизистон Адахон Мадумаров масоили аломатгузорӣ ва муайян кардани хати сарҳади кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.





           

Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои қарордоди дар мулоқоти моҳи апрел дар Исфара баргузоршударо муҳокима хоҳанд кард. Қобили зикр аст, ки моҳи апрел дар мулоқоти Исфара масоили мубориза бо ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил, баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати мудофиаи марзи кишварҳо ва танзими вазъҳои баҳсбарангез дар марз мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.




           

Дар он мулоқот дар сатҳи раисони вилоят ва ноҳияҳои сарҳадӣ ташкили ситоди пешгирӣ ва ҳалли вазъҳои баҳсӣ дар марз қарор қабул шуда буд. Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки то муайян кардану аломатгузории хати сарҳади кишварҳо дар қаламравҳои баҳснок ягон фаъолияти хоҷагидорӣ бурда нашавад. «Бо ташаббуси Тоҷикистон аз марзбонони қирғиз дархост шуда буд, ки ҷиҳати беҳбуди шароити равуои бемалоли шаҳрвандони тоҷик ба деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара дар бораи аз байн бардоштани посгоҳи марзии «Бедак» чораҷӯӣ намоянд», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.