«Тоҷиксодиротбонк» интиқоли маблағҳоро тавассути низоми нави «Тоҷи Тиллоӣ» ба роҳ монд

            Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиксодиротбонк» интиқоли маблағҳоро тавассути низоми нави «Тоҷи Тиллоӣ» ба роҳ монд.             Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, низоми мазкур на танҳо тарзи маъмулии интиқоли маблағҳоро дарбар мегирад, балки ба мизоҷон маҷмӯи васеъи воситаҳои ҷадиди интиқоли маблағҳоро пешниҳод месозад, ки он аз […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиксодиротбонк» интиқоли маблағҳоро тавассути низоми нави «Тоҷи Тиллоӣ» ба роҳ монд.





           

Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, низоми мазкур на танҳо тарзи маъмулии интиқоли маблағҳоро дарбар мегирад, балки ба мизоҷон маҷмӯи васеъи воситаҳои ҷадиди интиқоли маблағҳоро пешниҳод месозад, ки он аз имконоти густардаи интиқол ва гирифтани маблағҳо иборат аст.




           

Тибқи маълумоти манбаъ, бартарияти низоми тоза дар суръати интиқоли маблағ ифода меёбад, зеро ҳамагӣ пас аз як сонияи интиқоли маблағ, метавон онро аллакай дастрас намуд. Ғайр аз ин, боз як ҷиҳати мусбати ин низом дар он аст, ки зимни интиқоли маблағҳо сабти суроғаи дақиқу мушаххас зарур нест, танҳо зикри кишвару шаҳр кифоя аст. Шахсе, ки ба ӯ маблағ фиристода мешавад, худаш мустақилона метавонад нуқтаи барояш қулайи гирифтани маблағро дар он шаҳр интихоб намояд. Миқдори фоизи бонк ҳангоми интиқоли маблағҳо ба кишварҳои ИДМ ва Русия 1,5 фоизро ташкил медиҳад.




           

Қобили зикр аст, ки феълан «Тоҷиксодиротбонк» тавассути низомҳои

«Анелик», «Contact», «InterExpress», «Migom», «Western Union», «Аллюр», «Бистрая почта», «Юнистрим», «Близко» фаъолиятро роҳандозӣ кардааст.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.