Ҷавони 17-соларо барои сангзанӣ ба мошини «Мерседес»-и ҳамсояаш 5 соли зиндон интизор аст

Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванде, ки мошини ҳамояашро сангзанӣ кардааст, боздошт намуданд. Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳанӯз моҳи августи соли ҷорӣ сокини шаҳри Душанбе Раҷаббой Аъзамов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба хароб кардани мошинаш дар қароргоҳи автомобилҳо аз ҷониби […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванде, ки мошини ҳамояашро сангзанӣ кардааст, боздошт намуданд.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳанӯз моҳи августи соли ҷорӣ сокини шаҳри Душанбе Раҷаббой Аъзамов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба хароб кардани мошинаш дар қароргоҳи автомобилҳо аз ҷониби шахси номаълум муроҷиат кардааст.



Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар ин кор ҳамсояи ҷабрдида Сӯхроб Қурбонови 17-сола боздошт гардид. «Санҷиш нишон дод, ки С.Қурбонов бо ин амал ба ҳамсояи худ ба маблағи ҳудуди 14 ҳазор сомонӣ хисороти моддӣ расонидааст», – гуфт сарчашма.



Зикр гардид, ки нисбат ба аъмоли боздоштшуда тибқи моддаи 255-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҷуз товони зарари расонидашуда, ҷавони 17-соларо барои сангзанӣ ба мошини «Мерседес»-и ҳамсояаш 5 соли зиндон интизор аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.