Дар 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта қариб ду баробар бештар тухм истеҳсол карда шуд

Date:


           Душанбе. 21 ноября. «Азия-Плюс» – Дар 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 67 млн. дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. Ин рақам дар соли гузашта ба 37 млн. дона баробар буд.





        

Тавре муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов дар нишасти матбуотӣ хабар дод, дар зарфи якуним соли ахир фаъолияти қариб ҳамаи корхонаҳои паррандапарварӣ барқарор гардида, заминҳои ба онҳо тааллуқдошта баргардонида шудааст ва доир ба таъмини корхонаҳо бо хӯрок барои парранда ва нерӯи барқ тадбирҳо андешида шудаанд. «Аз ин рӯ, раҳбарони корхонаҳо оид ба афзоиши истеҳсолот ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд», – гуфт ӯ.




        

Муовини вазир зикр кард, ки феълан саршумори мурғ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ ба 1 млн. расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 489 ҳазору 451 сар бештар аст.




        

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар 18 корхонаи паррандапарварӣ амал мекунанд ва то ахири сол ба истифода додани боз ду корхона дар назар аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...