Президенти Тоҷикистон имсол бори дуввум аз Эрон боздид хоҳад кард

            Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26 то 28-уми ноябр бори дуввум аз Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид хоҳад кард.             Тавре аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни сафар дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва аъзои ҳукумати ин кишвар дар назар […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26 то 28-уми ноябр бори дуввум аз Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид хоҳад кард.





           

Тавре аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни сафар дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва аъзои ҳукумати ин кишвар дар назар аст. «Дар дидору гуфтушунидҳо масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории иқтисодию энергетикии ду кишвари дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор мегиранд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, ҷонибҳо атрофи масоили вазъи ҷаҳон ва минтақа низ табодули афкор хоҳанд кард. «Соли равон ин сафари дуввуми президенти Тоҷикистон ба Эрон мебошад», – афзуд манбаъ. Ёдрас мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли равон ба Эрон сафари расмӣ анҷом дода буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.