Вазорати мудофиа: Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ пеш аз мӯҳлат иҷро мешавад

Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ҷумхурӣ то имрӯз 96 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи кишвар – Фаридун Маҳмадалиев хабар дод. Мавсуф иҷро шудани нақшаи “Тирамоҳ-2008”-ро пеш аз мӯҳлат аз эҳтимол дур намедонад. Ба гуфтаи ӯ, вилояти […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ҷумхурӣ то имрӯз 96 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи кишвар – Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.




Мавсуф иҷро шудани нақшаи “Тирамоҳ-2008”-ро пеш аз мӯҳлат аз эҳтимол дур намедонад. Ба гуфтаи ӯ, вилояти Хатлон нахустин шуда, аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ хабар дод. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи маърака ба андозаи 87 дарсад, дар ноҳияҳои тобеъи марказ 95 фоиз, вилояти Суғд 92 ва шаҳри Душанбе 95 фисад иҷро гардидааст.



Дар вазорати дифоъи кишвар мутмаинанд, ки то рӯзҳои 25-26-уми ноябр нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар миқёси ҷумҳурӣ комилан ба иҷро хоҳад расид. Ёдовар мешавем, маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар кишвар 1-уми октябр оғоз гардида буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.